Аз бас ки базми меҳру вафо гарм карда ам

Бозори илтифоти туро гарм карда ам

Айём , чун фатилаи доғами тамоми сӯхт

То ҳамчуи шамъ , пеши ту ҷо гарм карда ам

Бо ман зи эътимоди вафо бар сар ҷафост

Ҳангомаи ҷафо , ба вафо гарм карда ам

Он Тифлро зи гармии изҳори ошиқӣ

Дар ишва бо вуҷӯди ҳаё гарм карда ам

Хубон , тараҳҳумӣ ! ки чу майлӣ дар оташам

То ихтилотро ба шумо гарм карда ам