Туро ба коми рақибони шунӯда омада ам
Сари ҳазор шикояти гушӯда омада ам
Дигар з каф надаҳум домани висоли туро
Ки хешро ба фироқи озмуда омада ам
Азон ситезаи гарӣҳо ки дидам ва рафтам
Кунун зи шавқ тағофул намӯда омада ам
зи ҳиҷр ва васл фазояд замони замони ғами дил
Ба ҷони зи дасти дил ғам фузуда омада ам
Ба ҷурми ҳиҷри зарурӣ , кам илтифот мабош
Ки узрхоҳи гуноҳи набӯда омада ам
Манам ки дар сари майдони ишқ чун майлӣ
зи хасм , гӯии муҳаббати рабӯда омада ам