Дилу дидаро набошад , чаҳ ниҳон чаҳ ошкора

На таҳаммули сабурӣ , на таҳаввури назора

зи ту бас ки ноумедам , ба гумон худ науфтам

Агарам ба ҷониби худ талабӣ ба сад ишора

Бирӯяд чораи ҷӯён , паии кори худ , ки дигар

Ба рамидаи оҳӯии ҷон , нарасад каманди чора

з куҷост бахти онам , ки ба маҷмаъи рақибон

Чу марои з давр бинад , кунад аз миёни канора

Набӯд шарори оҳами дами вопасин , ки бо ҷон

Ба мушояат барояд , ҷигари ҳазор пора

Таби ҷонгдози майлӣ , з арақ наёфт таскин

Чаҳ халали пазиради оташ , зи тараддуди шарора