Нолаамро кош нашносад ки ин фарёд кист

Шояд он номеҳрбони пурсад ки аз бедод кист

Ҳар дами изҳор пушаймонӣ кунад аз куштанам

Ин сухан то баҳри таскини дил ношод кист

Пеш ӯ гуфтам бади ғайр ва наомад дар итоб

Бехабар аз гуфт вгўими боз то аз ёд кист

Таънаи имрӯзи ғайр озурда ам дорад , ки боз

Бар сари озорам аз дилгармӣ имдод кист

Ошкори сӯии ман бинӣ ва ман дар изтироб

Кин фиреб аз баҳри сад хотир озод кист

Чанд рӯзӣ шуд ки хурсандаст майлӣ , то дигар

Такяаш аз содагӣ бар аҳд бебунёд кист