Ҷузи хӯни дил , шароб надонистаам ки чист
Ғайр аз ҷигар , кабоб надонистаам ки чист
Дар хоби хуши зи давлати бедор , ғайр ва ман
Аз бахти хуфта , хоб надонистаам ки чист
Гар дида бар надоштаам аз рӯй ӯ , чаҳ айб
Девонаам , ҳиҷоб надонистаам ки чист
Навмидӣам чу аз ту ниҳоят пазир шуд
Мақсӯдат аз итоб надонистаам ки чист
Бо ман сухан нагуфта , ва гар гуфта , аз ҳиҷоб
Ҷузи хомшӣ ҷавоб надонистаам ки чист
Як ҳарф гуфтааст ба ман , баъди сад итоб
Ваон ҳам з изтироб надонистаам ки чист
То хӯрдаам зи ҷоми муҳаббат май ҷунун
Майлии шароб ноб надонистаам ки чист