Мапурс аз ман ки хӯни дили шабат аз дида чун ояд

Чаҳ хӯни дили ҳамаи шаби решаи ҷонам бурун ояд

Бидӯз охир ба пайкон дидаам то кӣ тавон дидан

Ки ҳар сби сад балои зини рахнаи меҳнат бурун ояд

Азизи ман шукри хоб сабӯҳӣ карда кӣ донад

Ки бар бедори ғами посии шаб аз солӣ фузун ояд

Ба сари савдои хом эй дил ки бовар мекунад кокнўн

Ба доми анкабути бахти мо анқо дарун ояд

Дар ин шабҳои бедории чунон нозуки дилам аз ғам

Ки коҳӣ бар дили ман ҳамчуи кӯҳ бесутун ояд

Биё то оташи андари хирмани саҳар ва фусун уфтад

Чу чашмати баҳри ҷонам бар сари кор фусун ояд

Чу борони борад аз чашми ҳамаи шаби шуълаи оташ

Дар ин оташ бигӯ то кӣ змни сабр ва сукӯн ояд

Ғалат кардам раҳи кӯии ту меҳмони балои гаштам

Мабодои бахти бад ёрб касе рорҳнмўн ояд

Биҷои ашки чашмами резаи алмос май борад

Ки он пайкон мабод аз дидаам рӯзӣ бурун ояд

Магари ишроқро дар кори ин савдо забун дидам

Забун бошад балии корӣ ки аз бахт забун ояд