Сӯрати шоҳиди азали ҷилвагар аз ҷамоли ту

Маънии ҳасани лами изл дар хури хату холи ту

Ҷом ҷаҳон намой ҷами соғари дарди нӯши ту

Талъати Лайлии қадами оинаи мисоли ту

Кавкаби дарии фалаки шамъ дар сарои ту

Серумаи дидаи малики хоки раҳи нъоли ту

Арсаи фарши соҳат гӯша нишин гадои ту

Қуббаи арши ҳалқаи минтақаи ҷалоли ту

Дафтари илму маърифати нусхаи ҳикмату адаб

Нуқта мӯҳмалӣаст дар доӣраҳи камоли ту

Моҳи ду ҳафтаи бандаи ҳасани ягона рӯй ту

Пери хирад ба маърифати кӯдаки хурдсоли ту

РФрФи ақли пер агар аз сар сидра бугзарад

Боз намерасад ба аввали қадами хаёли ту

Нахлаи тавр агар гуҳӣ дам занад анои аллоҳӣ

Дод самоъ медиҳад мутриби хуши мақоли ту

Гулшан ҷон намедиҳад чун ту гулӣ дигар нишон

Хулди ҷинони нпрўрди сарв ба эътидоли ту

Хизр агарчӣ зиндагии зи об ҳаёт ёфта

Боз кунад давандагӣ дар талаби зулоли ту

эй ба фидои нози ту ваон дили длнўози ту

Сӯхти зи сӯзи сози ту мФтқр навол ту