Ҳасани ту чанд зинат ҳар анҷуман буд
Рӯй ту чанд оинаи марду зан буд
Тири назар ба ғайр Маяфкан ки ҳаст ҳайф
ШироФкни оҳӯии ту ки рӯбаҳ фикан буд
Лутфӣ надид ғайр ки махсӯс ӯ набӯд
Лутфӣ ба ман намой ки махсӯси ман буд
эй дар бар рақиб чу ҷони монда то ба кӣ
Ҷони ҳазор дил шуда дар як бадан буд
Ман синаи чоку пеши ту бедард дар ҳисоб
Он чокҳои сина ки дар перҳан буд
То ғайри хос хеш надонад ҳадис ӯ
Розӣ шудам ки бо ҳамаи кас дар сухан буд
Авқот агар чунин гузарад муҳташами мудом
Мурдани ҳазор бор ба аз зистан буд