Нахусти онкас ки шуд дар банди инкори ту ман будам

Вале он кас ки гашти аввали гирифтори ту ман будам

Заданд аз ман ҳарифони бештари лофи харидорӣ

Вале аввал касе комад ба бозори ту ман будам

Ба симу зари талабкори ту гардиданд агар ҷамъӣ

Касе кӯшад ба ҷону сари харидори ту ман будам

Ман аввал аз ту кардам эҳтироз аммо асирии ҳам

Ки кард охири сари худ дар сару кори ту ман будам

Ба беморӣ кашид аз ҳасрати кор дигар ёрон

Вале он кас ки мард аз шавқи дидори ту ман будам

Ҳарифони ҷон сипар карданд пешат лек ҷонбозӣ

Ки зарбат хӯрд аз шамшери хунхори ту ман будам

Чу назми муҳташам хуоне бигӯ к-эии булбули маҳзун

Куҷо рафтӣ чаҳ афтодат на гулзори ту ман будам