Зиҳии туғёни ҳасанат бар шикеби кори ман боис
Зуҳӯрат бар заволи ақли даъвии дори ман боис
Надонам аз ту ҳар чанд аз ситами Фрмоӣии озорам
Ки он ҳасан ситам фармост бар озори ман боис
Ту то ғоят набӯдӣ хонимон вайрон кун мардум
Туро шуд бар татовули пастии девори ман боис
зи каси ҳурмати дӯшам чаҳ худро даври мидорӣ
Ки ?имаӣ ту шуд бар ҷуръати ағёри ман боис
Худои хӯни ҷаҳонӣ аз ту хоҳад хост чун карда
Ҷаҳонро бар харобии дидаи хўнбори ман боис
Дигар дар ишва хоҳам кард гуми забти забон то кӣ
Шавад лутф камат бар ранҷиш бисёр ман боис
Сабк кардам айёри хеш аз ин ғофил ки хоҳад шуд
Бар истилоӣ нозаш хуфт миқдори ман боис
Гиреҳ бар риштаи зикр млоик метавонад зад
Сари зулфат ки шуд бар бастани зуннори ман боис
Гузидам сад раҳи ангушти таҳайюр чун зи маҳрӯмӣ
Ба зер теғ шуд бар захм ӯ зинҳори ман боис
зи завқи имрӯзи мардуми ҳоли ғайр аз вай чу пурсидам
Ки бар эъроз пинҳонӣ шуд истиғфори ман боис
Ғам ӯ муҳташами бастӣ дар нутқам агар гуҳ
Нагаштӣ иқтизои табъ бар гуфтори ман боис