Ағёрро ба суҳбати ҷонон чаҳ эҳтиёҷ

Бедардро ба неъмати дармон чаҳ эҳтиёҷ

Дар қатли ман ки рехтаи ҷисмами з ҳам макуш

Киштӣ чу шуд шикаста ба тӯфон чаҳ эҳтиёҷ

Нахли туам ба саъии мураббӣ самар мабахш

Худрустаро ба хизмати деҳқон чаҳ эҳтиёҷ

Кӣ зиндаи дам ту кашад миннати Масеҳ

Пояндаро ба чашмаи ҳайвон чаҳ эҳтиёҷ

Аз лаъибатони чин ба хаёл ту фориғем

То ҷон буд ба сӯрат беҷон чаҳ эҳтиёҷ

Баъди тариқи каъбаи мақсади зи қурби дил

Чун баста шуд ба бастани паймон чаҳ эҳтиёҷ

Баҳри субути ишқ чу дар базми мункирон

Дил чок шуд ба чоки гиребон чаҳ эҳтиёҷ

Пеши замири дилбари мо фии алзмири дон

Изҳор кардани ғами пинҳон чаҳ эҳтиёҷ

Дар фақр чун азизӣ ва хорӣ мусовӣанд

Дарвешро ба иззати султон чаҳ эҳтиёҷ

Чун дигристи қозии ҳоҷоти муҳташам

Мӯри заъифро ба сулаймон чаҳ эҳтиёҷ