Ба забони хиради ин нукта сариҳаст сариҳ

Ки назари ҷуз ба рухи хуб қабеҳаст қабеҳ

Муддаои дили ушшоқ батон ме фаҳманд

Ба ашорот наоне зи ибороти сариҳ

Он ки ин ҳасан дар аҷзои вуҷӯди ту ниҳод

Маънии хос адо кард ба алфози фасеҳ

Бар дили риш чаҳ ширин намакӣ ме пошед

Дар ҳадиси намакин ҷунбиши он лаъли малеҳ

Мо ҳалокему насиби дгарони оби ҳаёт

Мо харобему табиби дгронсти Масеҳ

Ин ки дили дидаи шикаст аз ту дурустаст дуруст

Ин ки бемор ту гардӣда саҳеҳаст саҳеҳ

Муҳташам каз ту ба як пайк назар гашта ҳалок

Чашми ҳасрат ба рахти дӯхта чун сайди забеҳ