Зиҳии рабӯдаи лаъли ту сад фусуни пардоз

Фиреби хӯрдаи чашмати ҳазор шӯъбадаи боз

Рақиби муҳаррами рози ту гашт наздик аст

Ки ашги ман бадаради садҳазори пардаи роз

Ба сад шаафи ҷҳм аз ҷо чу хонем саги хеш

Чаҳ ҷои он ки ба сӯй худам кунӣ овоз

Ба тӯлу арзи шабӣ дар висол ме хоҳам

Ки бар ту арз кунам қиссаҳои давру дароз

Ба номи номии Маҳмӯд дар қаламрави ишқ

Заданд сиккаи шоҳӣ вале туфайли Аёз

Ба аҳди Лайлӣу ширини ҳазор ошиқ буд

Шуданд зон ҳамаи маҷнӯн ва кӯҳ кун мумтоз

Аҷаб агар ту ҳам аз сӯзи ман ?илам накашӣ

Ки ҳаст оташи парвонаи сӯзи шамъи гудоз

Бипурс аз нафаст сари он даҳан ки ҷуз ӯ

Касе нарафта ба роҳи адам ки ояд боз

Ба ғайр диданаш ар тоқатам азу нагузашт

Ки ғайрат аз ҳамаи коҳисти сусту кӯҳи гудоз

Чу нест муҳташами он маи зи меҳри дмсозт

Ба доғ ҳиҷр бисӯз ва бисӯз ҳиҷр бисоз