Гӯш кардани суханони ту ғалат буд ғалат
Рафтан аз раҳ ба забони ту ғалат буд ғалат
Аз ту ҳар ҷавр ки шуд зоҳир ва кардам ман зор
Ҳамл бар лутфи ниҳони ту ғалат буд ғалат
Ман беному нишонро ба сари кӯии вафо
Ҳарки медод нишони ту ғалат буд ғалат
Бо худ аз баҳри тасаллии шаби ялдои фироқ
Ҳарчӣ гуфтам зи забони ту ғалат буд ғалат
То зи чашм ту фитодам ба назари бозии ман
Ҳар куҷо рафт гумони ту ғалат буд ғалат
Дар вафои худу бадаҳдии ман гарчи рақиб
Хӯрд савганд ба ҷони ту ғалат буд ғалат
Муҳташам дар талабаши он ҳамаи шаби зинда ки дошт
Чашм сайёра фишон ту ғалат буд ғалат