Сабр дар ҷавру ҷафои ту ғалат буд ғалат
Такяи бръҳду вафои ту ғалат буд ғалат
Пеши абрӯии каҷати саҷдаи хато буд хато
Сар ниҳодан ба ризои ту ғалат буд ғалат
Бо ту шатранҷи ҳавас чидан ва бӯдани зи ғурур
Эмин аз мағлатаҳои ту ғалат буд ғалат
Дард бар дарди худ афзудану собир бӯдан
Ба таманнои давои ту ғалат буд ғалат
Чун ба ношодим эй шӯхи бало будӣ шод
Шод бӯдан ба балои ту ғалат буд ғалат
Буд чун рои ту озори ман аз баҳри рақиб
Дидани озор барои ту ғалат буд ғалат
Муҳташами ҳасрати побӯси ту чун барад ба хок
Ҷонфишоняш ба пои ту ғалат буд ғалат