Бечора бошад ҳамвора ошиқ
Ишқи ин чунинаст бечораи ошиқ
Гардун нагардад рӯзӣ ки гардад
Аз кӯии маъшӯқи овораи ошиқ
Сад пора шуд дил аммо ҳамон ҳаст
Бар рӯй хубон ҳар пораи ошиқ
Гар сар кашидӣ якбораи маъшӯқ
Аз по фитодӣ сад бораи ошиқ
Гар шарм будӣ ҳаргиз накардӣ
Дар рӯй маъшӯқи назораи ошиқ
Набӯдгар одам эй тарки хунхор
Хоҳӣ тарошед аз хораи ошиқ
Ҳасанати фузуни бод то муҳташам ро
Бенанди ёрон ҳамвора ошиқ