Ман онам ки ҷузи ишқ корӣ надорам

Дар он кори ҳам ихтиёрӣ надорам

Надорам ба ҷузи ошиқии эътиборӣ

Ба ин эътибор эътиборӣ надорам

Рабӯдааст хобами маӣ каз хаёлаш

Ба ҷузи чашми шаби зинда дорӣ надорам

Қарор вафо карда бо ман нигорӣ

Нигорӣ ки бе ӯ қарорӣ надорам

Дилӣ дораму даврам аз дили навозӣ

Ғамӣ дорам ва ғмгсорӣ надорам

Надорам хаёли миёни ту ҳаргиз

Ки аз гиряи пурхӯн канорӣ надорам

Ба ишқи ту иқрор то кардам эй бут

Ҷузи он кори збод корӣ надорам

Ба дил гарчи сад бор дорам зи ёрон

Хушам каз саги ёр борӣ надорам

Баранд зи кӯии худашгар бидонад

Ки дар омадан ихтиёрӣ надорам

Хушам каз вафо бар дар хуби рӯйон

Ба ғайр аз гдоӣӣ шиорӣ надорам

Надорам бғир аз гдоӣии шиорӣ

Шиори ман инаст ва орӣ надорам

Шудам дар раҳаш аз раҳи хоксорӣ

Ғуборӣ ва бар дил ғуборӣ надорам

Ба шукронаи ин ки дай гуфта ҷоӣӣ

Ки чун муҳташам хоксорӣ надорам