зи бас ки меҳри ту бо ин ва он яқин дорам

Ба дӯстии ту бо коинот кин дорам

Замонаи домани охир замон гирифт ва ҳануз

Ман аз ту дасти тазаллум дар остин дорам

Ту иҷтиноби зи ғайр аз нигоҳи ман дорӣ

Ман изтироб ба базм аз барои ин дорам

Ту воқифи худ ва ман воқифи нигоҳи рақиб

Ту поси хирман ва ман поси хӯша чин дорам

Чунон ба ишқи ту мустағриқам ки ҳамчуи тўӣӣ

Ситодаи пеши ману чашм бар замин дорам

Ба даври гардии ман аз ғурур механдад

Ҳарифи сахт камоне ки дар камӣн дорам

Ҳазор тир нигоҳам заду гузашт аммо

Ҳануз чошнии тир аввалин дорам

Ба пеши сӯрат ӯ забти оҳи худ кардан

Гумон ба ҳавсилаи сӯрат офарин дорам

Басаст ин салаи назми муҳташам ки расед

Ба хотири ту ки ман бандае чунин дорам