Манам он гадо ки бошад сари кӯй ӯ паноҳам

Лақабами шаҳи гадоён ки гадои подшоҳам

Шудаи рости кори бахтами зи фалак ки карда моил

Ба суҷуди сарбаландии з батон каҷи кулоҳам

Лаби хоҳишами мҷнбон ки тамом орзӯем

Ба ту дар тамаъ науфтам зи ту ҳам туро нахоҳам

Фалак аз барои ҷаврами ҳама умр дошт зинда

Чаҳ шуд ар ту низ дорӣ қадре дигар нигоҳам

Ба ғазаб нигоҳ кардӣ ва дигар нигаҳ накардӣ

Нигаҳӣ дигар худоро ки хароби он нигоҳам

зи сиёсати ту гаштам ба гуноҳ агарчӣ қойил

Ба тариқ мҷрмонм накашӣ ки бе гуноҳам

Шаҳи муҳташами каши ман чу камони ранҷишам ро

Ба ситеза сахт кардӣ ҳазар аз хаданги оҳам