Номусулмони писарии хӯн дилам хӯрд чу об
Ки ба мастии дили мурғон ҳарам карда кабоб
Кор бар мурғи дилам дар кафи тифлӣ шуда аст
Он чунон танг ки гулшан будаш чанги уқоб
Шоҳиди ишқи ҳриФист ки гар ёбад даст
намекунад даст ба хӯни малики аламути хизоб
Чеҳраи ҳиҷр ба хоб ояд агар ошиқ ро
Кашадаш хавф ба маҳди аҷал аз бистари хоб
Ларза бар даст насим уфтад агар баргирад
Ба сари ангушти хаёл аз рух ӯ тарафи ниқоб
Ту ки дории сари шоҳаншаҳии кишвари дил
Фикри малики дил мо кун ки харобаст хароб
Муҳташамро дами обӣ чу з теғат додӣ
Дами дигар ба чашонаш ки савобаст савоб