Шуд пардаи дирами сӯзи дарун аз ту чаҳ пинҳон

Афтодаи дил аз пардаи бурун аз ту чаҳ пинҳон

Ҳарчанд чу фонӯс ба дил парда кашидам

Пӯшида нашуд сӯзи дарун аз ту чаҳ пинҳон

То меҳри гиёҳи хати сабзат шудаи пайдо

Меҳри дил ман гашта фузун аз ту чаҳ пинҳон

Саргармем аз ишқи ту бар оқилу ҷоҳил

Равшан шуда аз доғи ҷунун аз ту чаҳ пинҳон

Дил кард басии кӯшиш ва нанаҳуфт зи мардум

Афсонаи ишқам ба фусун аз ту чаҳ пинҳон

То карда рақиби орзӯии бодаи лаълат

Ҳастем баҳам дар паии хӯн аз ту чаҳ пинҳон

Розӣ ки дили муҳташам аз халқ ниҳон дошт

Бар ҷумлаи аёни гашт кунун аз ту чаҳ пинҳон