эй сарви глндом ки дории камар аз мӯ

Бар мӯ камарӣ нест муносиби магар аз мӯ

Ҷузи котиби қудрат ки рахтро з хат орост

Каси хат нанавиштааст ба рӯй қамар аз мӯ

Бар рӯй ту хат нест ки аз ҷунбиши он зулф

Афшон шуда бар сафҳаи гули машктар аз мӯ

Бо тезии мижгони ту наққош чаҳ созад

Гирам ки бисозад қаламии тезтар аз мӯ

Ҷузи ҳиндӯии чашмат ки ба мижгони раг ҷон зад

Фасод надидам ки занад нештар аз мӯ

Гуфтӣ асарӣ дар таби ишқ аз ту намонда

Дар оташ сӯзанда чаҳ монад асар аз мӯ

Тарсам нарасад бар бадани муҳташам аз заъф

Пайкони хаданги ту ки дорад гузар аз мӯ