Ту ва аз нози саргаронӣ ҳо
Ман аз шавқ ҷон фишонӣ ҳо
Пеши қади ту навҷавон хаҷал аст
Сарви нўхиз аз ҷавонӣ ҳо
Ҳаст нахлии қадат ки барнахурад
Боғбонаши зи боғбонӣ ҳо
Гӯ кашад ин ду рӯзаи ҳиҷронам
Кардаам бо ту зиндагонӣ ҳо
Суфиёнро хушаст гоҳи самоъ
Бар ду кун остин фишонӣ ҳо
Ману муштоқу дарди нокомӣ
Туу ағёри Комронӣ ҳо