Гуфт эй шаҳи ҷумлагӣ фармон турост
Бо вуҷӯди офтоб ахтар фаност
Зуҳра кӣ буд ё Уторид ё шаҳоб
Кӯ бурун ояд ба пеши офтоб
Гар зи далқ ва пӯстин бгзштмӣ
Кӣ чунин тухми маломати кштмӣ
Қуфл кардан бар дар ҳуҷра чаҳ буд
Дар миёни сад хаёлеи ҳасуд
Даст дар карда даруни оби ҷӯ
Ҳар яке зишони кулӯхи хушки ҷӯ
Пас кулӯхи хушк дар ҷӯ кӣ буд
Моҳӣ е бо оби осӣ кӣ шавад
Бар ман мискин ҷафо доранд занн
Ки вафоро шарм меояд зи ман
Гар набӯдӣ заҳмати номаҳрамӣ
Чанд ҳарфӣ аз вафои вогФтмӣ
Чун ҷаҳонии шабаҳат ва ашкол ҷӯаст
Ҳарф меронем мо беруни пӯст
Гар ту худро башиканӣ мағзии шӯй
Достони мағз нағзӣ бишинавӣ
Ҷўзро дар пӯстҳо оўозҳост
Мағзу равғанро худ овозӣ куҷост
Дорад овозӣ на андар хӯрд гӯш
Ҳаст овозаши ниҳон дар гӯши нӯш
Гарна хуши овозии мағзӣ буд
Жғжғи овози қишрӣ кӣ шунӯд
Жғжғи он зон таҳаммул ме кунӣ
То ки хомӯшона бар мағзии занӣ
Чанд гоҳе белаб ва бе гӯши шӯ
Вонгҳон чун лаби ҳарифи нӯши шӯ
Чанд гуфтӣ назму насру рози фош
Хоҷаи як рӯз имтиҳон кун гунг бош