Ранҷи тани давр аз ту эй ту роҳати ҷонҳои мо
Чашми бади давр аз ту эй ту дидаи бинои мо
Сиҳҳати ту сиҳҳати ҷон ва ҷаҳонаст эй қамар
Сиҳҳати ҷисми ту бодо эй қмрсимои мо
Офияти бодои танатро эй тани ту ҷони сифат
Кам мабодои сояи лутфи ту аз болои мо
Гулшани рухсори ту сарсабзи бодо то абад
Кон чарогоҳ диласту сабзау саҳрои мо
Ранҷи ту бар ҷони мо бодои мабодо бар танат
То буд он ранҷ ҳамчун ақли ҷони орои мо