Дарди моро дар ҷаҳони дармони мабодо бе шумо
Марги бодо бе шумоу ҷони мабодо бе шумо
Синаҳои ошиқони ҷуз аз шумо равшан мабод
Гулбуни ҷонҳои мо хандони мабодо бе шумо
Бишинав аз имон ки мегуяд ба овози баланд
Бо ду зулфи кофарати коимони мабодо бе шумо
Ақли султони ниҳону осмон чун чатр ӯ
Тоҷу тахту чатри ин султони мабодо бе шумо
Ишқро дидам миёни ошиқони соқӣ шуда
Ҷони моро дидан эшон мабодо бе шумо
Ҷонҳои мурдаро эй чун дами исои шумо
Малики Мисру Юсуфи канъони мабодо бе шумо
Чун ба нақди ишқи шамси аддӣни табризии хушам
Рух чу зар кардам бигуфтам кони мабодо бе шумо