Шаби дӯшинаи мо бедор будем
Ҳама хуфтанд ва мо бар кор будем
Ҳарифи ғамза ғаммоз гаштем
Надими турраи таррор будем
Ба гирди нуқтаи хӯбӣу мастӣ
Ба сари гарданда чун паргор будем
Ту чун даии зодае бо ту чаҳ гӯям
Ки бо ёри қадӣмии ёр будем
Мисоли косаҳои лаби шикаста
Ба дукони шаҳи ҷаббор будем
Чаро чун ҷоми шаҳ заррин набошем
Чу андари махзани асрор будем
Чаро худ кафи мо дарё набошад
Чу андари қаъри дрёбор будем
Хамаш бош ва ду оламро ба гуфт ор
Каз аввал гуфт бегуфтор будем