Ман ва ту дӯши шаби бедор будем
Ҳама хуфтанд ва мо бар кор будем
Ҳарифи ғамза ғаммоз гаштем
Ба пеши турраи таррор будем
Биё то зоҳиру пайдои бигӯем
Ки бо ишқ наоне ёр будем
Агар чаҳ пеш ва пас он ҷо нагунҷад
Ба пеши сонеъи ҷаббор будем
Аҷаб набӯд агар моро надиданд
Ки мо дар махзани асрор будем
Биоварадем дарҳо армағонӣ
Ки яъне мо ба дрёбор будем