Соқио арбада кардем ки дар ҷанг шавем
намегулранг бидиҳ то ҳамаи як ранг шавем
Сӯрати лутфи сқии аллоҳи тӯй дар ду ҷаҳон
Рух май ранги намо то ҳамагон днг шавем
Бода мансӯх шавад чун ба сифат бода шавем
Банг мансӯх шавад чун ҳамагӣ банг шавем
Ҳин ки андешау ғами паҳлавии мо хона гирифт
Бодаи даҳ то ки аз ӯ мо ба ду фарсанг шавем
Мтрбои баҳри худои захма мастона бизан
То зи захмаи хуши ту сохта чун чанг шавем
Маҷлиси қайсар рӯм аст бидиҳ сайқали дил
То ки чун оинаи ҷони ҳама беранг шавем
Як ҷаҳони танги дил ва мо зи фарохии нишот
Як нафаси ошиқи онем ки дилтанг шавем
Душмани ақл кӣ дидаи сет каз омезиш ӯ
Ҳамаи ақлу ҳамаи илму ҳама фарҳанг шавем
Шамси табриз чу дар боғи сафо рӯ бинмуд
Зуд дар гардани ишқаши ҳама оўнг шавем