Вақт он шуд ки ба занҷири ту девона шавем
Бандро бргслим аз ҳама бегона шавем
Ҷон сипорем дигар нанги чунин ҷон накашем
Хона сӯзем ва чу оташи сӯй майхона шавем
То нҷўшим аз ин хнби ҷаҳони брноиим
Кӣ ҳарифи лаби он соғар ва паймона шавем
Сухани рости ту аз мардуми девонаи шинав
То намирем мапиндор ки мардона шавем
Дар сари зулфи саодат ки шикан дар шикан аст
Воҷиб ояд ки нигунтар зи сар шона шавем
Болу пар боз гушойем ба бустон чу дарахт
Гар дар ин роҳи фанои рехта чун дона шавем
Гарчи сангем паии меҳри ту чун мум шавем
Гарчи шамъем паии нури ту парвона шавем
Гарчи шоҳем барои ту чу рух рост рӯем
То бар ин нтъи зи фарзини ту фарзона шавем
Дар рухи оинаи ишқи зи худ дам назанем
Муҳаррами ганҷ ту гирдем чу парвона шавем
Мо чу афсонаи дил бесар ва бе поёнем
То муқӣми дили ушшоқ чу афсона шавем
Гар мурӣдӣ кунад ӯ мо ба Муродӣ бирасем
Вар калидӣ кунад ӯ мо ҳама дандона шавем
Мустафо дар дили могар раҳ ва маснад накунад
Шояд ар нола кунем астн ҳаннона шавем
Не хамаш кун ки хамӯшона бибояд додан
Посбонро чу ба шаби мо сӯй кошона шавем