Дилбари бегонаи сӯрат меҳр дорад дар ниҳон

Гар забонаш талх гуяд қанд дорад дар даҳон

Аз даруни сӯи ошно ва аз буруни бегонаи рӯ

Ин чунин пурмеҳри душман ман надидам дар ҷаҳон

Чўнки дилбар хашм гирад ишқ ӯ ме гуядам

Ошиқ ношӣ мабош ва рӯ магардон ҳону ҳон

Рост монад талхии дилбар ба талхии шароб

Созўори андари мизоҷу талхи талхи андари забон

Пеш ӯ мурдан ба ҳар дам аз шукр ширинтар аст

Мурда донад ин суханро ту мапурс аз зиндагон

Шоди рӯзӣ кин ғазалро ман бихонам пеши ишқ

Саҷдае орм бар замин ва ҷон сипорам дар замон

Мурғи ҷонро ишқ гуяд майли дорӣ дар қафас

Мурғ гуяд ман туро хоҳам қафасро бардарон