Шамси дайн бар Юсуфону нозанинони нозанин
Бар сари ҷумлаи шаҳону сарфарозони нозанин
Бар сарону сарварони сад сари зиёдаи ҷоҳ ӯ
Дар миёни восилони лутфи раҳмони нозанин
ӯ ба авсоф илоҳӣ гашта мавсуфи камол
Бар сарир ва бар сарони тахти султони нозанин
Базмро аз ваии ҷамолу размро аз ваии ҷалол
Ҳам ба базм ва ҳам ба разми лутфи кайҳони нозанин
Пеш ӯ биниҳод мифтоҳи хзоинҳои хос
Карда аз ишқу муҳаббатҳоаш яздони нозанин
Дар миёни сад ҳазорон моҳ ӯ тобон чу хур
Васф ӯ андари миёни васфи шоҳони нозанин
Онки хок пош шуд ӯ бар сарон шуд сарфароз
Маст ӯ андари миёни ҷумлаи мисатони нозанин
Андари он мавҷӣ ки хосон бар ҳазар бошанд аз он
Андари он мавҷи хатар ӯ хуфтаи устони нозанин