Маро бидид ва напурсед оннигор чаро

Турш турш бигузашт аз даричаи ёр чаро

Сабаб чаҳ буд чаҳ кардам ки бад намӯд зи ман

Ки хотираш бигирифтаст ин ғубор чаро

зи бомдод чаро қасди хӯн ошиқ кард

Чаро кашид чунин теғи зулфиқор чаро

Чу дидам он гул ӯро ки ранги рехта буд

Дамид аз дили мискини ҳазор хор чаро

Чу лаб ба хандаи кушояд кушода гардад дил

Дар он лабаст ҳамеша кушоди кор чаро

Миёни абрӯии худ чун гиреҳ занад аз хашм

Гиреҳ гиреҳ шавад аз ғами дили фигор чаро

Зиҳии таъаллуқи ҷон бо кушоду ханда ӯ

Яке дамаш ки набинам шавам назор чаро

Ҷаҳон сияҳ шавад он дам ки рӯ бигардонад

На рӯз монаду неи ақли барқарор чаро

Яке нафас ки дили ёри мо зи мо бармеад

Чаро рамед зи мо лутфи кирдигор чаро

Магар ки лутф худо ӯст мо ғалат кардем

Вагар на хӯбӣ ӯ гашт беканор чаро

Буруни сӯрат агар лутф маҳз додӣ рӯй

Паямбарони з чаҳ гаштанди пардаи дор чаро