Муборакӣ ки буд дар ҳамаи арӯсӣ ҳо
Дар ин арӯсии мо бод эй худо танҳо
Муборакии шаби қадару моҳи рӯзау ид
Муборакии мулоқоти одаму ҳавво
Муборакии мулоқоти Юсуфу ёқӯб
Муборакии тамошои ҷинаи алмأўӣ
Муборакӣ дигар кон ба гуфт дрноид
Нисори шодии авлоди шайху меҳтари мо
Ба ҳамдамӣу хушии ҳамчуи шери боду асал
Ба ихтилоту вафои ҳамчуи шукру ҳалво
Муборакии табораки надиму соқии бод
Бар онк гуяд омин бар онк кард дуо