Андари миёни ҷамъ чаҳ ҷонаст он яке

Як ҷони нхўонмш ки ҷаҳонаст он яке

Савганд мехӯрам ба ҷамолу камол ӯ

Каз чашми хеши ҳам пинҳонаст он яке

Бар фарқи хоки об равон кард ишқ ӯ

Дар боғи ишқи сарв равонаст он яке

Ҷумла шукуфаанд агар мивааст ӯ

Ҷумла қурозаанд чу конаст он яке

Дил мавҷ мезанад зи сафоташ вале хамӯш

Зеро фузуни зи шарҳ ва баёнаст он яке

Рӯзӣ ки ӯ бзоди замин ва замон набӯд

Болотар аз замин ва замонаст он яке

Қуфлӣаст бар даҳони ман аз рашки ошиқон

То ман нагӯям ин ки фалонаст он яке

Ҳар дам ки кунҷи чашмам бар рӯй ӯ фитад

Гӯям ки эй худоӣ чаҳ сонаст он яке

Гар чашм дард нест туро чашм боз кун

Зеро чу офтоб аёнаст он яке

Пешаши ту саҷда мекун то подшои шӯй

Зеро ки подшоҳ нишонаст он яке

Гар сад ҳазор халқи туро раҳзанад ки нест

Андар гумон мабош ки онаст он яке

Гуфтам ба шамси муфаххар табриз бингараш

Гуфтои аҷаби мадор чунонаст он яке