Чашми пурнур ки масти назари ҷононст

Моҳ аз ӯ чашм гирифтаст ва фалак ларзонаст

Хоссаи он лаҳза ки аз ҳазрати ҳақ нур кашад

Саҷдаи гоҳи малику қибла ҳар инсонаст

Ҳар ки ӯ сар наниҳад бар кафи поиши он дам

Баҳри номӯси манӣ он нафас ӯ шайтонаст

Ва онки он лаҳза набинад асар нур бирав

ӯ кам аз дев буд зонки тан бе ҷонаст

Дил ба ҷои дор дар он талъати боҳайбат ӯ

Гар ту мардӣ ки Рахши қибла гуҳ мардонаст

Даст бурдор зи сина чаҳ нигаҳ май дорӣ

Ҷон дар он лаҳза бидиҳ шод ки мақсӯд онаст

Ҷумларо об дарандоз ва дар он оташи шӯ

Котши чеҳра ӯ чашма гуҳ ҳайвонаст

Сари броўри зи миёни дили шамси табриз

Кӯи хдиўи абаду хусрав ҳар фармонаст