Бар сари оташи ту сӯхтам ва дӯд накард
Об бар оташи ту рехтам ва суд накард
Озмудам дили худро ба ҳазорон шева
Ҳеҷ чизаш ба ҷуз аз васли ту хушнӯд накард
Онч аз ишқ кашид ин дили ман ки накашид
Ва онч дар оташ кард ин дили ман авд накард
Гуфтам ин банда на дар ишқ гарав кард дилӣ
Гуфт дилбар ки балӣ кард вале зуд накард
Оҳ дидӣ ки чаҳ кардаст марои он тақсир
Ончи пашша ба димоғу сар намруд накард
Гарчи он лаъли лабати исои рнҷўронст
Дили ранҷури марои чора беҳбуд накард
Ҷонам аз ғамзаи тироФкни ту хаста нашуд
Зонки ҷузи зулфи хушатро зира ва худ накард
Намаку ҳасани ҷамоли ту ки рашк чаман аст
Дар ҷаҳони ҷузи ҷигари банда нмксўд накард
Ҳин хамаш бош ки ганҷӣаст ғами ёри влик
Васфи он ганҷи ҷузи ин рӯй зарандуд накард