Дар дилам чун ғамат эй сарв равон бархезад

Ҳамчуи сарви ин тани ман бедил ва ҷон бархезад

Ман гумонами ту аёни пеши ту ман маҳв ба ҳам

Чун аён ҷилва кунад чеҳра гумон бархезад

Чун расад снҷқи ту дар стмстони ҷаҳон

Зулм кӯтаҳ шаваду кӯч ва қулон бархезад

Бар ҳисори фалак ар хӯбии ту ҷумлаи барад

Аз муқӣмони фалаки бонг амон бархезад

Бигузар аз боғи ҷаҳони як саҳар эй рашки баҳор

То зи гулзори чамани расм хазон бархезад

Пушти афлоки хмидст аз ин бори гарон

зи сабки рӯҳии ту бор гарон бархезад

Ман чу аз тири туам болу пурм даҳ биппарон

Хуши пурди тири замонӣ ки камон бархезад

Рама хуфтаст ва ҳаме гардад гург аз чапу рост

Саги мо бонг занад то ки шубон бархезад

Ҳин хамаш дил пинҳонаст чу раги зери забон

Ошкоро шавад он раг чу забон бархезад

Ин муҷоботи мҷирст дар он қитъа ки гуфт

Бар сари кӯии ту ақл аз сар ҷон бархезад