Баҳор омад кунун ҷонои қафасро хез ва дар бигушо

Чу бикшодӣ тараҳҳум кун марои ҳам бол ва пар бигушо

Хабар дорад зи ҳол май кашон чун мӯҳтасиби соқӣ

Дар майхонаро бар рӯй эшон бехабар бигушо

Камар дар хизматати бастанди ёрони рӯзу шаби умрӣ

Ту ҳам як шаб барои хотири ёрон камар бигушо

Ҷамоли ёр ҳар сӯи ҷилвагар бепардае ҳамдам

Дамӣ аз хоби ғифлати хез ва аз ҳар сӯ назар бигушо

зи ёрон муҷоз омад сафойии дил ба танг акнӯн

Дар дилро биё бар рӯй ёрон дигар бигушо