Дар садаф об шуд аз касби ҳавои гавҳари мо
Рехт аз байзаи бурун ношудаи болу пари мо
Шамъ аз турбати парвона зиёратгоҳ аст
Ҷанг доранд батон бар сари хокистари мо
Бар замин дӯхта чашмем зи кӯтоҳии даст
Умрҳо шуд ки фитодаст кулоҳ аз сари мо
Даҳани соқии мо пари зи дуоӣ қадаҳ аст
Шиша аз давр занад бӯсаи лаби соғари мо
Асари сӯхтагон то ба қиёмат боқӣаст
наме тавон шамъ барафрӯхт зи хокистари мо
Хоби осӯдагӣу болаши махмал давр аст
Май баради шабнами гули орзӯии бистари мо
Сидои шонаи сифати панҷа ӯ хушк шавад
Ҳар ки хоҳад ки наад дасти карам бар сари мо