Фитнаи ҷӯии дӯши тороҷи дил ва ҷон кард ва рафт
Хонаамро омад ва чун сайл вайрон кард ва рафт
Ҳамчуи гул авроқ аҷзоем ба ҳам пайваста буд
Чун дами субҳ хазон омад парешон кард ва рафт
Кулбаамро дод бар боди фано чун гирдбод
Домани худ бар заду рӯ дар биёбон кард ва рафт
Хонаам буд аз висол ӯ гулистони Ирам
Хайри бод ӯ ба хоки тира яксон кард ва рафт
Баст бар бозуи камону гӯша абрӯ намӯд
Синаро сӯрохҳо аз хор мижгон кард ва рафт
Омаду боли пари парвонаро миқроз кард
Шамъи базмамро чароғи зер домон кард ва рафт
Рӯзгории доғ ӯро доштам дар дили ниҳон
Бар сар ман омад ва чун гул намоён кард ва рафт
Ғунча вор афганд дар андешаи давру дароз
Ҷӯши савдояши серумро пари з савдо кард ва рафт
Аз ғам ӯ шиша ҳо карданд соғарро видоъ
Омаду асбоби айшамро парешон кард ва рафт
Рӯзи маҳшар доманаш хоҳам гирифт эй сидо
Дар ҳақи ман зулмҳо он номусулмон кард ва рафт