зи ғунчаи дили мо бехабар буд гули мо

Даруни байза хазон шуд баҳори булбули мо

Садо баланд накардем аз туҳидастӣ

зи санги серума буд соғари таваккули мо

Ба гулшанӣ ки дарави булбули хуш алҳон нест

Шукуфтагӣ накунад ғунчаи тағофули мо

Ба зӯри оҳи туро мо нигоҳ дошта ем

Ба сарви қади ту печидааст сунбули мо

Қади хамидаи моро аҷал камӣн карда

Нишаста сайли ҳаводис ба сояи пули мо

з шона карда ҷудои дасти мо ва ме гуяд

Сазои он ки расонади зиён ба кокули мо

зи ғунчаҳои чаман май кашеми рӯи зардӣ

Буд чу барги хазони дидаи даст бе пули мо

Нишастаем дар оташ чу сидои ҳамаи умр

Сапанди сӯхта аз ғайрати таҳаммули мо