Нарм шуд аз хоби ғифлати бистари сангини мо
Бошад аз мағзи сари мо пунбаи болини мо
Кардаем аз хонаи брдўшии иқоматро видоъ
Гирдбоди домани саҳро буд тамкини мо
Остин умрӣаст аз сайри чаман афшонда ем
Нест кам аз ғунчаи гули домани парчини мо
Хасмро бар хоки оҷизи нолӣ мо ме кашад
Сурх рӯ ояд ба майдони ханҷари чубини мо
Сайри чашмиҳои мо аз донаҳои ашки мост
Осмонро доғ дорад хӯшаи парвини мо
Нафаси саркаши оқибати андохти моро дар бало
Кард охири кори худро душмани ширини мо
Бар сари минбар буд овози носеҳро асар
Нест ҳамчун воъизони таҳи чўбкории дайни мо
Дар пас ойинаи дили сидо то хуфта ем
Чашм пӯшедаст аз мо душмани худбини мо