То ҳавоят бар сари боди сабо афтода аст
Барги гул дар кӯчҳо чун нақши по афтода аст
То нигорин панҷаро кардӣ зи хӯни офтоб
Моҳрӯёнро ҳино аз дасту по афтода аст
Зарди рӯе май кашам ҳар рӯз аз дуни ҳаматон
Барги коҳи ман ба дасти каҳрабо афтода аст
Дар чамани болу пари қамарӣ ба ёди мақдамат
Бар замин монанди нақши бӯрё афтода аст
Моҳрӯёни серумаро санг фалохан карда анд
Гӯшаи чашми ту то бар тўтё афтода аст
Доғи дилро мекунам ҳар дами суроғ аз лолаи зор
Ин зар аз ҷайбам намедонам куҷо афтода аст
Аз ман он нўхт надорад чун қалами бегонагӣ
Бар сухан аз бас ки табъаши ошно афтода аст
Муддатӣ шуд ростӣ аз қомати ман рафта аст
Рӯзгорӣ шуд зи дастами ин Асо афтода аст
Кӣ халосӣ ёбад аз даврони дилам эй сидо
Донаи ман дар гулӯии Асия афтода аст