Ба ҷустуҷӯии ту берун шуд аз чамани гули сурх

Дар орзӯӣ ту гардид бе ватани гули сурх

Гадои кӯии туро аз ҷабин диҳад гули зард

Шаҳиди теғи туро равед аз кафани гули сурх

Ба кӯчаи боғи дили доғдори ман гузарӣ

Ба побӯси ту резами чамани чамани гули сурх

Надидаи шухии чашми туро гули наргис

Набарда бӯе аз он ғунчаи даҳани гули сурх

Ба сайри боғи ту то рафта ӣӣ гиребони чок

зи ҷӯш ҳасан нагунҷад ба перҳани гули сурх

Ба гулшанӣ ки тасаввур кунам ҷамоли ту ро

Гули сифеди намояд ба чашми ман гули сурх

Саводи хат ту дорад бунафша дар оғӯш

Баҳори зулфи туро зер ҳар шикани гули сурх

Чу гирдбоди дамад аз мазори маҷнӯни бед

Чу лола сар занад аз хоки кӯҳкани гули сурх

зи ғунчаи даҳани нофаи буи хӯн ояд

Чаредааст магари оҳӯии хутани гули сурх

Маломатӣ ба ҷавонон порсо нарасад

Шукуфта рӯе нишинад дар анҷумани гули сурх

Шудаст моҳи Рахши сидо май шафақӣ

Намӯда шухии ҳасанаши зи Настарани гули сурх