Аз ғамат дар синаи дили сад нома иншо ме кунад

Тифлро ин шер дар гаҳвора гуё ме кунад

Шамъро гарданкашӣ ҳо кард хокстрншин

Паст мегардад сари худ ҳар ки боло ме кунад

Шер мегардад бурун аз кӯҳи баҳри кӯҳкан

Ризқи худ соҳиби ҳунар аз санг пайдо ме кунад

Меҳнати айёмро бо гӯшаи гирон кор нест

Ъушрат рӯй замини пайваста анқо ме кунад

Сояи девори худро ҳар ки ӣнҷо вақф кард

Бар сари худ хонае дар ҳашар пайдо ме кунад

Худнамое кардан аз аҳли тамаъ зебанда нест

Пеши хами гарданкашии беҳуда мино ме кунад

намекунад парвози оғӯшам чу қамарӣ аз нишот

Ҳар куҷои он сарви симини тани миён во ме кунад

Сидои Мансур охир шуд фано дар баҳри ишқ

Сайл чун пурзӯр гардад рӯ ба дарё ме кунад