Худои зоти туро аз бало нигаҳ дорад
зи ҳодисоти ҷаҳонати худо нигаҳ дорад
Гули ҳаёти туро рӯзгор то дами ҳашар
зи дастбурди насими сабо нигаҳ дорад
Ниҳоли умри туро ҳамчуи сарви тоза ва тар
Хизр ба чашмаи оби бақо нигаҳ дорад
Касе ки такя ба девор давлатат созад
Ба зери сояи болаши ҳумо нигаҳ дорад
Мурувватӣ ки туро бо сухан шиносон аст
Ҳамеша дар дили худ сидо нигаҳ дорад