зи чоки синаи дӯди оҳи ман гулгун бурун ояд
зи марҳами даст бояд шаст аз захмӣ ки хӯн ояд
Макун бетоқатӣ ҳамчун сапанд аз сӯхтан эй дил
Нишин чндонкаҳ аз хокистарати оташ бурун ояд
Дили маҷрӯҳи ман ҳар гуҳ ки созад ёри марҳам ро
Садои теша дар гӯшами зи кӯҳ бесутун ояд
Ба дарбон нест ҳоҷати хонаи сҳроншинон ро
Нидои марҳабо аз хонаҳои бесутун ояд
Шаванд аз баҳри обу донаи аҳли ҳирси савдое
зи нақши пои мӯри овози занҷир ҷунун ояд
Маро саргашта дорад сидои завқи сари кӯе
Ки ҳамчун Карбало аз мушти хокаши буи хӯн ояд