Ҳасанаши охир аз ҳуҷуми хат талаф шуд ҳайфи ҳайф

Сунбули помоли даврон чун алаф шуд ҳайфи ҳайф

Онкии зулфаши бозуии озодагон дар тоб дошт

Зери дасту панҷа ҳар нохалаф шуд ҳайфи ҳайф

Гулшанаш аз ғорати боди хазон тороҷ ёфт

Домани покаш чу барги гули з каф шуд ҳайфи ҳайф

Қомати сарви хати сабзаши зи оҳ бе касон

Таҳта машқ навой чанг ва даф шуд ҳайфи ҳайф

Онкӣ рӯй худ тараф мекардро хуршеду моҳ

Аз нигоҳи хираи чашмон бартараф шуд ҳайфи ҳайф

Гавҳар мақсӯд бошад об дар коми наҳанг

Ранҷҳои мо абас ҳамчун садаф шуд ҳайфи ҳайф

Дар Бухоро буд умрӣ сидо побаст ӯ

Ришта бар по дар раҳи малик Насаф шуд ҳайфи ҳайф