Ёри саркашро ба зӯри нола ҳамдам карда ем
Ин камонро мо ба бозуии нафас хам карда ем
Ъшқбозии ҷони дароради сӯрати девор ро
Аксро дар хонаи ойина одам карда ем
Лаби зи оби косаи айши хилоиқ шаста ем
Бӯсатар аз даҳони чашма ғам карда ем
Миҳмони мо гиребон чок меояд бурун
Баҳри худ то такя ӣӣ аз дӯш мотам карда ем
Мо ба бом қаср ҳастӣ чорзонў нишаста ем
Дар замин бе таҳи худ реша муҳкам карда ем
Каъбаро аз роҳи дили пеш назар оварда ем
Остони хонаи худ чоҳ замзам карда ем
Аз тамошои чамани пои назар печида ем
Умрҳо аз гиряи ҳам чашмӣ шабнам карда ем
Доғи мо бо халқ чун хуршед равшан гашта аст
Хешро дар ишқ ӯ машҳур олам карда ем
Пой чун хуршеду ма бар ҳеҷ дар наниҳода ем
Чарх медонад ки мо ин корҳо кам карда ем
Сидо бо дӯди шамъи хеш қонеъ гашта ем
Хок дар чашми чароғи ҷӯад ҳотам карда ем